10
Подшоҳ Аҳашверӯш ва Мордахай бузург мегарданд
1 Сипас подшоҳ Аҳашверӯш тамоми сарзамин, ҳатто ҷазираҳои* Ё соҳилҳо дурро ба андоз супоридан водор намуд. 2 Ҳамаи дастовардҳои калони подшоҳ ва бузургдошти Мордахай, ки шоҳ ӯро ба ин дараҷа расонд, дар Китоби Таърихи Подшоҳони Модай ва Форс навишта шудаанд. 3 Хуллас, Мордахайи яҳудӣ баъд аз подшоҳ Аҳашверӯш шахси дуввум буд. Вай дар байни яҳудиён одами бузург ҳисоб меёфту байни хешу табораш эҳтироми баланд дошт. Ин аз он сабаб буд, ки ӯ барои манфиати халқаш кор мекард ва барои беҳбудии ҳамаи яҳудиён баромад менамуд.