2
Хизмати Павлус дар Таслӯникӣ самар меоварад
Бародарон, худи шумо медонед, вақте ки ману Силӯс ва Тимотиюс ба назди шумо омадем, хизматамон самаранок буд. Чуноне ки медонед, дар шаҳри Филиппӣ моро бисёр азоб доданд, паст заданд, вале Худо ба мо ҷуръат дод, ки бо вуҷуди зиддиятҳои сахт хушхабари Ӯро ба шумо кушоду равшан эълон намоем. Охир, дар даъвати мо гумроҳ кардан, нияти бад ва ё фиребе нест. Баръакс, Худо баъди санҷишҳо моро супориш додааст, ки хушхабарро эълон кунем. Барои ҳамин бартарие, ки ба мо дода шудааст, ҳангоми сухан гуфтан кӯшиш мекунем, ки на ба одамон, балки ба Худое, ки дилҳои моро месанҷад, писанд оем. Шумо медонед ва Худо низ шоҳид аст, ки мо ҳаргиз хушомадгӯӣ накардаем ва ба манфиати худ кор набурдаем. Зеро мо на аз шумо ва на аз каси дигар таъриф наҷустаем. Мо чун фиристагони* Шогирдони аввалини Худованд, ки вазифаи махсус доштанд.Масеҳ ҳақ доштем, ки аз шумо ҳурмату эҳтиром талаб кунем, аммо, мисли он ки модар навозишкорона ба кӯдаконаш ғамхорӣ мекунад, дар байнатон меҳрубон будем. Мо шуморо чунон дӯст доштем, ки тайёр будем на танҳо хушхабари Худоро ба шумо расонем, балки ҷони худро бароятон фидо кунем, чунки шумо бароямон хеле азиз ва гиромӣ ҳастед. Бародарон, шумо дар ёд доред, чӣ тарз мо заҳмат мекашидем: хушхабари Худоро ба шумо расонда, боз шабу рӯз кор ҳам мекардем, то ки ба дӯши ягон каси шумо бор нашавем. 10 Ҳам шумо ва ҳам Худо шоҳид ҳастед, ки рафтори мо нисбати шумо, имондорон, то чӣ андоза пок, дуруст ва беайб буд. 11 Худатон медонед, ки мо бо ҳар яки шумо мисли падар бо фарзандонаш муомила мекардем; 12 шуморо қувват бахшидаву рӯҳбаланд карда, насиҳат мекардем. Мехостем, ки тарзи зиндагии шумо писанди Худо бошад, ки шуморо ба шукӯҳу ҷалол ва подшоҳиаш даъват кардааст.
13 Мо ҳамеша Худоро шукр мегӯем, ки шумо ҳангоми аз мо шунидани каломи Худо, онро на ҳамчун сухани одамизод, балки чун каломи Худо қабул кардед, ки он дар ҳақиқат ҳам чунин аст. Ин калом дар ҳаёти шумо, имондорон, амал мекунад. 14 Охир шумо, бародарон, дар азоб кашиданатон ба одамони Худо дар вилояти Яҳудия, ки ба Исои Масеҳ бовар мекунанд, монанд шудед — шумо аз халқи худ ҳамон азобҳоеро кашидед, ки онҳо аз яҳудиён дида буданд. 15 Яҳудиён Худованд Исо ва пайғамбаронро куштанд, инчунин моро пеш карданд. Рафтори онҳо ба Худо маъқул нест, онҳо ба одамон зиддият карда 16 намегузоранд, ки мо хушхабарро ба мардум расонем, то ки наҷот ёбанд. Бо ин корашон ҳамеша косаи гуноҳҳояшонро лабрез намуда, ба ғазаби Худо гирифтор мешаванд.
Павлус орзу мекунад, ки бори дигар имондорони таслӯникиро бубинад
17 Эй бародарон, азбаски мо нохоҳ барои муддати кӯтоҳе на дар дил, балки ҷисман аз шумо ҷудо шудем, хоҳиши зиёд доштем, ки шуморо боз рӯ ба рӯ бубинем. 18 Бале, хеле мехостем ба назди шумо равем. Ман, Павлус, бошам на як бору ду бор кӯшиш кардам, аммо иблис пеши роҳамонро гирифт. 19 Вақте ки Худованд Исо Дар баъзе нусхаҳои қадима «Худованд Исои Масеҳ» омадааст.бармегардад, дар назди Ӯ шумо боиси умеду шодмонӣ ва сарбаландии мо мешавед! 20 Охир шумо сабаби фахру хушнудии мо ҳастед!

*2:7 Шогирдони аввалини Худованд, ки вазифаи махсус доштанд.

2:19 Дар баъзе нусхаҳои қадима «Худованд Исои Масеҳ» омадааст.