3
Пас, чун дигар тоқати ҷудоӣ надоштем, фикр кардем, ки дар шаҳри Атино худ танҳо бимонем, вале ба назди шумо ба шаҳри Таслӯникӣ Тимотиюсро фиристем. Ҳамон Тимотиюсро, ки бародари мо буда, дар эълон кардани хушхабари Масеҳ хизматгори Худо мебошад. Хостем, ки ӯ шуморо дар имонатон устувор ва боқувват гардонад, то касе аз шумо ҳангоми азобҳо ба дудилагӣ роҳ надиҳад. Шумо пештар ҳам медонистед, ки мо бояд азоб кашем. Охир, ҳангоми дар назди шумо буданамон ҳам огоҳ карда будем, ки моро азоб дода, дунболагирӣ хоҳанд кард. Чуноне ки мебинед, ҳамин тавр ҳам шуд. Аз ин сабаб, вақте ки тоқатам тоқ шуд, ба назди шумо Тимотиюсро фиристодам, то дар бораи имонатон бифаҳмад; мабодо иблиси васвасакор шуморо аз роҳ занад ва тамоми меҳнатамон барбод равад.
Вале алҳол Тимотиюс аз наздатон баргашта, дар бораи муҳаббату имони шумо хабарҳои хуш овард. Ӯ ба мо нақл кард, ки шумо ҳамеша бо некӣ моро ёд мекунед ва мехоҳед, ки моро боз бубинед, чуноне ки мо ҳам хоҳони дидори шумоем. Бародарон, дар ин ҳама ранҷу азобу душвориҳоямон имони шумо моро рӯҳбаланд кард. Агар имони шумо ба Худованд устувор бошад, мо ҳам зиндадил мегардем. Бародарони таслӯникӣ, дар ҳузури Худо шумо ба мо хурсандии бузурге бахшидед, ки барои он Худоро беохир шукр мегӯем. 10 Мо шабу рӯз аз таҳти дил дуо мегӯем, ки боз бо шумо вохӯрем, то норасоии имонатонро пурра гардонем. 11 Бигзор худи Худо — Падар ва Худовандамон Исо моро сӯи шумо равона кунад! 12 Бигзор Худованд бо он муҳаббати бузурге, ки нисбат ба шумо дорем, шуморо ҳам нисбат ба якдигар ва ҳамагон пур ва лабрез намояд. 13 Ҳамин тавр, Ӯ дили шуморо боқувват гардонад, то ҳамон рӯзе, ки Худованд Исо бо пайравонаш меояд, дар пеши Худо-Падарамон беайб ва пок бошед.* Дар баъзе нусхаҳо қадима дар охир «Омин» омадааст.

*3:13 Дар баъзе нусхаҳо қадима дар охир «Омин» омадааст.